Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Сочидхон Бахронов - Раиси Шурои олимони ҷавони Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ
8 апрели соли ҷорӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавон ва иштироки унвонҷӯён, докторантон ва олимони ҷавони Агентӣ чорабинии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Чорабинии мазкурро Бахтиёр Баротов - муовини директори Агентӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки ҷавонон ҳамчун ояндаи давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи созанда эътироф гардида, Ҳукумати мамлакат баҳри дастгирии ин қишри фаъол тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такия намуда, дар ҳамаи Паёмҳо ва суханрониҳояшон аз нақши фаъоли ҷавонон дар рушд ва пешрафти ҷомеа ёдовар мешаванд.
Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ шумораи олимони ҷавон афзуда, онҳо дар рушди мамлакат ва татбиқӣ илм бо истеҳсолот саҳмгузор мебошанд.
Сипас, Раиси Шурои олимони ҷавони Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ - Соҷидхон Баҳронов суханрони намуда иброз дошт, ки саҳми олимони ҷавон дар рушди илми тоҷик хеле муҳим ва назаррас мебошад. Зеро олимони ҷавон доимамал аз усулҳои таҳқиқотҳои гуногуни муосир истифода бурда нуфузи илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муарриф намоянд.
Инчунин дар раванди чорабинӣ як қатор олимони ҷавони Агентӣ дар мавзуъҳои гуногун аз ҷумла-Фарзона Муҳидинова дар мавзуъи «Радионуклидҳои табии дар баъзе чашмаҳои термалӣ ва минералии вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон», Комрон Бобоев дар мавзуъи «Истифодаи сорбентҳои органикӣ барои ҷудо кардани уран аз обҳои урандор» ва Меҳровар Бобоёров дар мавзуъи «Усулҳои нави таҳлили уран дар маҳлулҳо» баромад намуданд.
Дар фаранҷоми чорабинӣ муҳокимаи маърузаҳо доир гардид.